Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ аз иҷрои тавофуқот бо Эрон хотирҷамъ аст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, хотирҷамъ аст, ки Амрико ва ҳампаймонҳояш дар музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон метавонанд дар бораи созишнома ба тавофуқ бирасанд ва “ҷаҳонро амнтар кунанд”.

Ҷон Керрӣ ин суханонро 15 апрел баъд аз вуруд ба Лубеки Олмон изҳор дошт. Вай дар он ҷо дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҶӢ 7 ё ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон ширкат меҷӯяд.

2 апрел шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Лозаннаи Шветсария ба тавофуқ расида буданд, ки дар ивази маҳдудияти фаъолиятҳои ҳастаии Эрон Ғарб таҳримҳои худ бар зидди ин кишварро коҳиш медиҳад.

Ин кишварҳо бояд то 30 июн дар ин бора ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG