Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси тоҷикони Яман аз дипломатҳои тоҷик


Гурӯҳе аз кормандони тиббии тоҷик дар нома ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ниҳоят аз Ҳазрамавти Яман ба воситаи Уммон ба Дубай расида, дар як меҳмонхона, ки консулгарии Тоҷикистон барояшон фароҳам овардааст, истироҳат мекунанд. Онҳо аз кӯмакҳои сафири Тоҷикистон дар Қатар Ардашер Кодирӣ ва консул Абдураҳмон Аюбов дар берун шуданашон аз кишвари ҷангзадаи Яман изҳори сипос кардаанд. Аз ҷумла гузаштани онҳо аз марзи Уммон бо дархости сафир имконпазир шуда, дар ин ҷо онҳоро сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб Юсуф Бобокалонов ва консули генералии Тоҷикистон дар Дубай Абдураҳмон Аюбов пешвоз гирифтаанд. Дар минтақаи Ҳазрамавт, дар шарқи Яман ба ғайр аз шаҳрвандони Тоҷикистон се пизишк аз Ӯзбакистон низ будаанд, ки дар марзи Уммон бо мушкили раводид рӯбарӯ шуданд, аммо шаҳрвандони Тоҷикистон бо мадади дипломатҳои тоҷик ба Дубай раҳсипор гаштанд. Интизор меравад, ки онҳо бо аввалин парвоз аз Дубай ба Тоҷикистон хоҳанд баргашт. Муаллифони нома ҳамчунин аз раиси ширкати "Техностройэкспорт" дар Яман Саидаҳмад Беков Саидахмад ва ҳамаи онҳое, ки дар наҷоташон даст доштаанд, изҳори сипос намудаанд.

XS
SM
MD
LG