Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу ба Путин изҳори таассуф кард


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар як сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия изҳори “таассуф” намуд, ки Кохи Кремли Маскав мехоҳад дар ихтиёри Эрон мушакҳои С-300 гузорад.

Бино ба ин хабар, Нетаняҳу ба Путин гуфтааст, ки аз миён бардоштани мамнуияти фурӯши мушакҳо ба Эрон “танҳо таҷовузи Эрон дар минтақаро бештар мекунад ва амният дар Ховари Миёнаро ба хатар меандозад”.

Бино ба хабари Кохи Кремл, Путин ба Нетаняҳу гуфтааст, ки мушакҳои С-300 “танҳо барои ҳадафҳои дифоӣ дода мешавад” ва ба амнияти Исроил таҳдид намекунад.

XS
SM
MD
LG