Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мушовараи муштараки вазоратҳои дохилии Тоҷикистону Русия


Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бинои вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе масоили омодагӣ ба баргузории Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои доихилии ҳар ду кишварро баррасӣ карданд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мавзӯъ дар дидори рӯзи сешанбеи Абдулло Навҷувонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардори Маркази ташхисӣ-криминалистии Русия, генерал-майори политсия Петр Гришин ва сардорони раёсатҳои Маркази мазкур полковникҳои политсия Николай Мартынников ва Игор Богданов матраҳ шуд.”

Ба гуфтаи ин манбаъ дар дидор, ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти ташхисӣ-криминалистӣ, ва омодакунии кадрҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд. Ба таъкиди ин манбаъ, ҳар ду ҷониб барои густариш ёфтани ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия изҳори умедворӣ карданд. Ба ин тартиб, қарор аст, мушовараи навбатии муштараки вазоратҳои Тоҷикистон ва Русия моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сочӣ доир шавад.

Мушовараи мушатараки қаблии вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон баргузор шуда буд. Зимнан, баргузории мушовараҳои муштарки вазорати корҳои доихилии Тоҷикистон ва Русия аз соли 1999 бад ин сӯ дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар доир мешавад, ки ҷонибҳо масоили густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус дар мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил, қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароиро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG