Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1:2 - "Равшан" дар майдони худ бозиро ба "Хайр"-и Ваҳдат бохт


Акс аз яке бозиҳои "Равшан" бо "Хайр". Аз бойгонӣ
Акс аз яке бозиҳои "Равшан" бо "Хайр". Аз бойгонӣ

​Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми сешанбе дарв арзишгоҳи марказии Кӯлоб бо ҳузури 15 000 тамошобин баргузор шуд.

Даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хайр"-и Ваҳдат шурӯъ шуд.

Ин бозӣ, ки шоми 14 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 15 ҳазор 000 тамошобин баргузор гардид, бо пирӯзии меҳмонон, бо ҳисоби 2-1, ба анҷом расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд.

Голҳои "Хайр"-ро Мӯҳсинҷон Парпиев дар дақиқаи 10-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 42-юм заданд. Голи "Равшан"-ро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 35-ум ба ҳадаф расонд.

Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи шанбеи 18 апрел байни дастаҳои "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров - "Хуҷанд"-и Хуҷанд ва ССКА "Помир"-и Душанбе - "Вахш"-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбеи 19 апрел миёни дастаҳои "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан - "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва "Барқи тоҷик"-и Душанбе - "Истиқлол"-и Душанбе сурат мегирад.

Бояд гуфт, бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронда шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва дастаҳо акнун дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Хайр” бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш”, ки ҳар кадом як бозӣ анҷом додааст, бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

XS
SM
MD
LG