Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифои Тоҷикистон аз беш аз 65 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати баҳории хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар хабар дод. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 14 апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муддати 14 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ, шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи ҷалби ҷавонон ба хизмат дар Артишро беш аз 65 дарсад иҷро карданд. Ба гуфтаи вай вилоятҳои Бадахшон - 74 дарсад, Хатлон – 73, Суғд - 63, ноҳияҳои тобеи марказ – 62 ва аз ҳама камтар шаҳри Душанбе 43 дарсад нақшаи давъати баҳорӣ барои хизмат дар сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд.

Тибқи иттилои Фаридун Маҳмадалиев, дар ин муддат ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Ванҷи вилояти Бадахшон, шаҳрҳои Сарбанд, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Носири хусрави вилояти Хатлон ва ҳамин тавр Тавилдара ва Тоҷикобод нақшаи даъвати баҳории ҷалби ҷавонон ба сафи Артишро сад дар сад иҷро намуданд.

Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даъвати баҳории ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар муддати ду моҳ – аз 1 апрел то 31 май идома мекунад. Даъват барои хизмат дар Артиши Тоҷикистон солона ду маротиба, баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад, ки ҷавонони синни аз 18 то 27- сола ҷалб мешаванд. Гуфта мешавад, ҳамасола ҳудуди 16 ҳазор ҷавони синни даъватӣ ба хизмат дар сафи нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар мешавад.

XS
SM
MD
LG