Пайвандҳои дастрасӣ

14 апрел дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоии мухолифони тоҷик баргузор шуд. Дар он, ба гуфтаи Абдулло Абдураҳмонов, яке аз фаъолони “Гурӯҳи 24”, даҳҳо нафар аз тарафдорони Эътилофи нирӯҳои мухолифи “Тоҷикистон нав” иборат аз созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ватандор”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав”, ширкат кардаанд. Ҷаноби Абдураҳмонов афзуд, "гирдиҳамомадагон истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон, озодии маҳбусони сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро талаб карданд". Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшоҳ Неъматов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин намояндагии дипломатӣ кори худро ба таври маъмулӣ пеш бурд ва ҳар амале дар беруни бинои он ҷараён мегирад, марбут ба қонунҳои кишвари Олмон аст.

XS
SM
MD
LG