Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама ва ҳолати комаи Гулбаҳор Ғаффорова


Гулбаҳор Ғаффорова
Гулбаҳор Ғаффорова

Гулбаҳор Ғаффорова, ки қаблан дар театр-студияи "Хандинкамон" фаъолият дошту ҳоло дар ҳайати "Доно ва Коно"-ст, дар пайи як садама дар шуъбаи эҳёгарии бемористони Хуҷанд бистарӣ шудааст. Ҳамсари ӯ – Ғаффор Пӯлодов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садама бегоҳи 13 апрел иттифоқ уфтода, Гулбаҳор бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтааст ва ҳанӯз дар ҳоли беҳушист.

Пӯлодов афзуд, "садама дар ҳоле рух додааст, ки ҳамроҳи фарзамндамон ба хона меомад. Вай худаш ронандагӣ мекард." Ба иттилои Ғаффор Пӯлодов, табибон гуфтаанд, қабурғаи Гулбаҳор шикаста, сараш низ шадидан зарб хӯрдааст. Ӯ гуфт, "танҳо дар сурати ба ҳуш омадани Гулбаҳор маълум хоҳад шуд, ки садама чигуна ва бо айби кӣ рух додааст."

Гулбаҳор Ғаффорова зодаи шаҳри Исфара буда, солҳои зиёд дар ҳайати театр-студияи "Хандинкамон" дар Хуҷанд кор кардааст. Аммо ду-се соли охир дар саҳна кампайдо буд ва ахиран бо иштирокаш дар барномаҳои тафреҳии телевизонҳои давлатии Тоҷикистон эълон кард, ӯ издивоҷ намуда, фаъолияташро дар студияи "Доно ва Коно" сар кардааст. Ӯ аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG