Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш сарбози украинӣ дар Донбасс


Дар шарқи Украина бар асари тирпаррониҳо тайи шабонарӯзи гузашта шаш сарбози ҳукуматӣ кушта ва 12 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора сухангӯи артиши Украина Андрей Лисенко рӯзи 14 апрел хабар дод ва гуфт, ки сарбозҳо бар асари “тавтеъаҳои ҷиддӣ” аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор куштаву захмӣ шудаанд. Ӯ афзуд, ки вазъ дар Донбасс ноором боқӣ мемонад.

Рӯзи сешанбе хабаргузориҳо дар бораи даргириҳо миёни ҷудоихоҳони рустабор ва нерӯҳои ҳукуматии Украина дар канори Мариупол ҳам иттилоъ доданд.

Аз ин пеш вазирони умури хориҷии кишварҳои “чаҳоргонаи Нормандия” - Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар музокирот дар Берлин пуштибонияшон аз иҷрои созишномаи Минскро таъкид намуда, дар мавриди баррасии мавзӯи аз хатти ҷабҳа берун кашидани тонкҳо ва тӯпхонаи андозаи милаш мамтар аз 100 мм. тавофуқ карданд.

Франк-Валтер Штайнмайер, вазири умури хориҷии Олмон, рӯзи 14 апрел, баъд аз анҷоми нишаст гуфт, ҳама медонанд, ки моро роҳи тӯлоние дар пеш аст ва ҳама корро мекунем то ҳаракатро сӯи пеш идома диҳем”. Ӯ тайид кард, ки ҷараёни музокирот, бино ба ихтилофи назар миёни мақомоти Украина ва Русия, душвор буд ва баррасиҳо гоҳо ба ҷанҷол ҳам табдил мешуданд.

Вазирони умури хориҷӣ аз ноором боқӣ мондани авзоъ дар Донбасс изҳори нигаронӣ карда, тасмим гирифтанд, ки чаҳор гурӯҳи корӣ – оид ба амният, оид ба раванди сиёсӣ, оид ба масоили башарӣ, ва оид ба масоили иқтисодиву эҳё таъсис кунанд.

XS
SM
MD
LG