Пайвандҳои дастрасӣ

Тайи як шабонарӯз миқёси сӯхтор дар бешазори минтақаи Сибири Русия якуним баробар афзоиш ёфт. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия рӯзи 14 апрел хабар дод, ки дар минтақаи Забайкалие 24 ҳазор гектар ҷангалзор оташ гирифтааст. Дар ин минтақа бар асари ин ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар 12 ноҳияи Бурятистон оташсӯзӣ дар 400 гектар бешазор давом дорад.

Дар Хакасия, ки тайи се рӯзи ахир бар асари сӯхтор 23 нафар ҷон бохтаанд, 14 апрел рӯзи мотам эълон шуд. Бар пояи иттилои ахир, дар натиҷаи сӯхтор дар ин минтақа беш аз ҳазор манзили зист ба коми оташ рафтааст.

Дар вилоятҳои Приморие ва Амур бино ба гарм шудани ҳаво режими зиддисӯхтор эълон шуд.

Оташсӯзӣ дар Сибир ба қаламрави Чин ҳам интиқол ёфт. Ба иттилои хабаргузории Синхуа, сӯхтор аз вилояти Забайкалие ба қаламрави вилояти Муғулистони дохилии Чин гузаштааст.

XS
SM
MD
LG