Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгарони Қазоқистон мегӯянд, оби дарёи Сир ба андозае нотоза аст, ки онро барои обёрии кишоварзӣ ва моҳипарварӣ истифода бурдан номумкин аст. Ба гуфтаи олимони Донишгоҳи Қазоқистони Ҷанубӣ, дар таркиби оби рӯди Сир тамаркузи хатарноки хром, мис, никел, меркурий, молибден ва рӯҳ кашф шудааст. Гуфта намешавад, ин натиҷа ба ҳамаи 2200 километр дарозии дарё рабт дорад ё танҳо қаламрави Қазоқистон. Пажӯҳиши оби Сирдарё аз тарафи олимони қазоқ бо 600 ҳазор евро гранти НАТО амалӣ гаштааст. Садҳо ҳазор нафар дар соҳили ин рӯд ба сар мебаранд ва оби онро на танҳо барои кишоварзию моҳипарварӣ, балки барои нӯшидан низ истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG