Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қочоқбари якпоя дар Новосибирск


Бино бар хабари дафтаи матбуоти гумруки Новосибирск рӯзи сешанбеи 14 апрел дар фурудгоҳи "Толмачево" як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар меъдааш 147 лифофаи маводи мухаддир дошт, боздошт шудааст. Ин шахси 49-сола маъюби гурӯҳи 2 буда, як пой надоштааст ва бо парвози Душанбе -- Новосибирск ба "Толмачево" расидааст. Ба сурати умум аз бадани ин шахс 572 грамм героин ва 4,7 грам ҳашиш берун оварда шудааст.

XS
SM
MD
LG