Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавод Зариф бо Нурсултон Назарбоев мулоқот кард


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар сӯҳбат бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, изҳор намуд, ки Остона Эронро шарики наздики сиёсиву иқтисодӣ мехонад. Ба гуфтаи ӯ, робитаҳои миёни ду кишвар, бо вуҷуди баъзе душвориҳо, пайваста таҳким меёбанд. Дар ин бора дафтари раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи 14 апрел хабар дод.

Аз ин пеш Муҳаммад Ҷавод Зариф ва ҳамтои қазоқаш Ерлан Идрисов музокирот анҷом доданд. Ба гуфтаи Идрисов, роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эрон, ки соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ба густариши марзҳои робитаҳои байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ ба зарурати таҳияи гомҳои мушаххас дар таъмини истифодаи беҳтари роҳи оҳан таъкид кард ва гуфт, ки дар чаҳорчӯби густариши робитаҳои байнидавлатӣ бунёди терминалҳои Қазоқистон дар қаламрави Эрон дар назар аст. Дар навбати худ, Эрон мехоҳад дар рушди сохтории бандарҳои Қазоқистон дар баҳри Хазар саҳм бигирад.

Ерлан Идрисов ҳамчунин ба имкони истеҳсоли муштараки зироатҳои кишоварзӣ дар қаламрави Қазоқистон таъкид намуд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф ҳам изҳор намуд, ки миёни Эрону Қазоқистон имконоти зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву кишоварзӣ мавҷуданд. Ӯ афзуд, ки Теҳрон ба сармоягузории баъзе аз тарҳҳо дар қаламрави Қазоқистон ҳам мароқ дорад.

XS
SM
MD
LG