Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ хостори кӯмаки бештари ИМА мешавад


Ҳайдар Ибодӣ
Ҳайдар Ибодӣ

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, дар мулоқот бо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар Вошингтон рӯзи 14 апрел хостори пуштибонии бештари низомии ИМА дар ҷанг бо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” хоҳад шуд.

Қабл аз нахустин сафараш ба ҳайси нахуствзири Ироқ ба ИМА Ҳайдар Ибодӣ дар нишасти хабарӣ дар фурудгоҳи Бағдод гуфт, ки ҳадафаш – таъмини тақвияти чашмраси амалиёти ҳавоиии Эътилофи таҳти фармони Амрико алайҳи гурӯҳи “Давдати исломист”. Қарор аст, ки ӯ аз Вошингтон хостори силоҳ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин шавад.

Сафари Ҳайдар Ибодӣ ба Амрико дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Пентагон аз комёб шудани ҳамлаи ҳавоӣ ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” хабар дод ва гуфт, ки тайи моҳҳои ахир ин гурӯҳ тақрибан 17 ҳазор километри мураббаъ қаламрави қаблан ишғолкардаашро аз даст додааст. Намояндаи вазорати дифои Амрико полковник Стив Уоррен, рӯзи 13 апрел, изҳор намуд, ки “Давлати исломӣ” ва ҷануб ва ғарби Ироқ ақибнишинӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол бахши аъзами Мовсил, дуввумин шаҳри бузурги Ироқ, то ҳол таҳти назорати ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG