Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи истифодаи «движок» ё худ худкори барқӣ барои моҳидорӣ, ду сокини минтақаи Кӯлоб ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ду нафар моҳигир барои ба даст овардани сайди худ аз “движок” ё худкори барқӣ истифода кардаанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидаанд. Ин дар ҳолест, ки Идораи бозрасии ҳифзи муҳити зист мегӯяд, тариқи худкори барқӣ «движок» боздошти моҳи афзоиш ёфтааст ва дар рӯдхонаҳои минтақа дар айёми тухмгузорӣ, саршумори моҳиёни нодир ба маротиб кам шудааст.

Одинашоҳ Аминов, мутахассиси идораи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб сешанбеи 14 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як моҳ 25 нафарро дар замони моҳигирӣ боздошт ва ба маблағи аз 1000 то 2000 сомонӣ ҷарима кардаанд. Ба гуфтаи Аминов, аз ин 25 нафар ду нафар аз қуваи барқ истифода карда, ба ҳалокат расидаанд. Ӯ мегӯяд, гирифтани моҳӣ бо қувваи барқ тамоман иҷозат дода нашудааст, аммо сокинон дар замони тухм гузоштани моҳиҳо ба он эътибор намедиҳанд.

XS
SM
MD
LG