Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки рӯзҳои ахир тундравҳои Толибон дастикам 18 сарбозро ба қатл расондаанд ва ё сари онҳоро гирифтаанд. 13 апрел вазорати дифоъ дар изҳороте гуфт, ки дар даргириҳои вилояти Бадахшон дастикам 33 сарбоз “қурбон шудаанд, ҷароҳат бардоштаанд ва ё бедарак шудаанд”.

Аксари ин даргириҳо 10 апрел замоне шуруъ шуд, ки тундравҳои Толибон дар вулусволии Ҷурм ба чанд посгоҳи артиш ҳамла бурданд. Вазорат гуфт, ки то ҳол барои он роҷеъ ба талафот гузориш надодааст, ки расидагӣ идома дошт.

Аҳмад Навид Фурӯтан-сухангӯи волии вилоят гуфт, ки 18 нафар кушта шудаанд ва 8 нафари онҳоро сар гирифтаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки тундравҳо таҷҳизоти низомиро бо худ бурдаанд ва он чиро, ки натавонистаанд бо худ бибаранд, оташ задаанд.

XS
SM
MD
LG