Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия фармонеро имзо кард, ки бар асоси он акнун манъи фурӯши мушакҳои S-300-и Русия ба Эрон беэътибор дониста мешавад.

Русия соли 2010 зери фишорҳои Ғарб иҷрои қарордоди худро дар бораи додани мушкҳои S-300 ба Эрон боздошта буд. Он вақт Русия аз даври ахири таҳримҳои СММ бар зидди Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш ҷонибдорӣ карда буд.

Путин дар ҳоле ин фармонро содир кардааст, ки ду ҳафта пеш шаш қудрати ҷаҳонӣ дар бораи чаҳорчӯбаи мувофиқатномаи маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ расиданд. Эрон розӣ шуд, ки дар ивази коҳиши таҳримҳои СММ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барномаҳои ҳастаии худро маҳдуд мекунад.

Акнун бо судури ин фармон манъи интиқоли мушакҳои S-300 аз Русия ба Эроназ байн меравад. Аз ин кор Исроил сахт нигарон шудааст ва то ҳол аз Русия бо исрор мехост, ки ба Эрон мушак надиҳад.

XS
SM
MD
LG