Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ал-Қодсия" барои бозӣ бо "Истиқлол" ба Душанбе омад


Дастаи "Ал-Қодсия"

Дастаи "Ал-Қодсия"

​Имрӯз, 13 апрел, бошгоҳи футболи "Ал-Қодсия"-и Кувайт барои бозӣ бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Дастаи футболи "Ал-Қодсия"-и Кувайт, қаҳрамони бисёркаратаи Кувайт ва барандаи феълии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), субҳи имрӯз, 13 апрел, барои бозии даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми AFC бо «Истиқлол»-и Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо аз Дубай ба Душанбе омад.

Рашид Ал-Бадеҳ, сармураббии мунтахаби “Ал-Қодсия” барои бозӣ муқобили “Истиқлол”, ки рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел соати 18 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад, ба ҳайати даста 18 футболбозро дохил кардааст.

Ёдовар мешавем, бозии даври севуми сабқати интихобии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “С” байни “Ал-Қодсия” ва “Истиқлол”, ки 18-уми март дар Кувайт барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфтааст. Мизбонон ҳисобро дар дақиқаи 3-юм боз карданд. Тӯбро Бадр Ал-Мутава аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 36-ум ҳисобро баробар намуд. Дилшод Восиев голи дувуми “Истиқлол”-ро дар дақиқаи 45+1 зад. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум, Бадр Ал-Мутава ҳисобро баробар кард.

“Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

“Истиқлол” дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ бар тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон–2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 11-уми март дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон барпо гардида буд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “С” тими “Ал-Қодсия” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 4 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Аҳал” ва “Эрбил” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Бояд тазаккур дод, "Ал-Қодсия" дар Ҷоми AFC се бор бо бошгоҳҳои футболи тоҷик рақобат кардааст. Дар мавсими соли 2013 кувайтиҳо дар сабқати гурӯҳӣ бар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ду бор бо ҳисобҳои 3:0 ва 3:1пирӯз шуда буданд. Аз 6 голи ба дарвозаи “Равшан” задашуда 4-тоаш ба Бадр Ал-Мутава мутааллиқ аст.

Ба ҷуз бозии «Истиқлол» – «Ал-Қодсия», инчунин дар даври чоруми сабқати гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 15-уми апрел дастаҳои «Эрбил» (Ироқ) ва «Аҳал» (Туркманистон) бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) - 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) -2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG