Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сеул сафорати Тоҷикистон боз шуд


Бино ба хабари дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар ҷараёни боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон сафоратхонаи ин кишвар ба таври расмӣ гушоиш ёфт.

Дар маросими гушоиши сафорат Чо Тае Йол-муовини вазири корҳои хориҷаи Корея ва намояндагони дипломати кишварҳои хориҷии муқими Сеул ширкат ҷустанд.

Дар ин маросим хотирнишон карданд, ки дар ҷавоб дар шаҳри Душанбе низ сафоратхонаи Кореяи Ҷанубӣ гушоиш хоҳад ёфт ва чунин раванд заминаи густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишварро фароҳам меорад. Номи сафир ё иҷрокунандаи мақоми он эълон нашудааст.

Ба иттилои Абдулфайз Атоӣ, сардори раёсати иттилооти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар хориҷи кишвар 28 сафоратхона, 1 намоянда дар СММ ва 8 консулгарӣ дорад. Дар маҷмӯъ дар берун аз Тоҷикистон 37 намояндагии дипломатии Тоҷикистон амал мекунад.

XS
SM
MD
LG