Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман бармегарданд


Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, 13 апрел як ҳавопаймои ҳомили 150 нафар шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон, Узбакистону Булғористон, Яману Сурия, Олмону Украина, Мисру Полша ва Индонезияро аз Ямани ҷангзада ба Маскав расонд.

Ҳамаи ин афрод аз муоинаи тиббӣ, тафтиши шиносномаҳо ва гумрукӣ гузаштаанд. Дар вазорати корҳои хориҷаи Русия шаҳрввндони хориҷиро намояндагони сафорати кишварашон пешвоз мегиранд.

Ононе, ки сафари худро идома медиҳанд, ба фурудгоҳҳои Маскав раҳнамоӣ мекунанд. Шоми рӯзи якшанбе низ як ҳавопаймо бо 150 нафар шаҳрвандони Русияву Қирғизистон, Молдоваву Тоҷикистон- Узбакистону Украина ва Яман дар фурудгоҳи Чкаловски Маскав ба замин нишаст.

XS
SM
MD
LG