Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Туркия аз изҳороти попи Рум


Аҳмет Довутоғлу
Аҳмет Довутоғлу

Туркия аз истифодаи вожаи “генотсид” ё “қатли ом” аз тарафи попи Рум Франсис дар робита бо садсолагии солгарди куштори арманиҳо дар давраи раҳбарии туркҳои усмонӣ ба ғазаб омадааст. 12 апрел баъд аз чанд соати сӯҳбати поп, Анқара гуфт, сафири худро барои машварат аз Ватикан фаро хондааст. Аҳмад Довудоғлу - нахуствазири Туркия гуфт, "баёни чунин андӯҳ ба таври якҷониба барои поп ва эътибори вай муносиб нест".

Мевлут Човушоғлу - вазири корҳои хориҷии Туркия дар сафҳаи Твиттери худ навишт, “изҳороти поп аз воқеияти қонунӣ ва таърихӣ дур аст” ва он наметавонад қобили қабул бошад.

Поп Франсис гуфт, кушторҳои ҷамъӣ “ба таври густарда нахустин қатли ом дар қарни 20 ба шумор меравад”. Вай ин суханонро аз қавли поп Ҷон Поли 2 иқтибос овард. Ҷон Поли 2 дар ин бора соли 2001 бо раҳбари рӯҳонии арманиҳо эъломияеро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG