Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Бахтовар Сафаров дар парлумон


Бахтовар Сафаров
Бахтовар Сафаров

Бахтовар Сафаров -- вакили ҷавон аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон роҳбари фраксияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии парлумон шудааст. Ин фраксияро рӯзи 13 апрел дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон расман тасдиқ кардаанд.

Баъд аз ҲХДТ, бо панҷ намояндааш дар парлумон ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ имкони ташкили фраксияро дорад. Ҳизбҳои дигар, ба мисли ҳизби демократ ва сотсиалисту ислоҳоти иқтисодӣ бо доштани шумори ками курсӣ имкони таъсиси фраксияро надоранд.

XS
SM
MD
LG