Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Клинтон худро номзад мекунад


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон баъд аз изҳороти видеоиаш дар бораи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 ба боздидҳои интихоботии худ шурӯъ кардааст. Эълони хонум Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико дар бораи пешбарии номзадиаш 12 апрел дар интернет ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ба нашр расид.

Ба ин эълон дар давоми як рӯз дар Твиттер 90 ҳазор нафар назарҳои худро навиштаанд, бештар аз 1 миллион нафар наворро дар YouTube тамошо карданд ва тақрибан 500 ҳазор нафар дар Facebook лайк ё мақбул гузоштаанд.

Хонум Клинтон соли 2008 дар рақобатҳои дохили ҳизбӣ барои номзадӣ аз Ҳизби Демократ ба Барак Обама бохта буд.

Рӯзи шанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико зимни суханони худ дар Панама гуфт, ки хонум Клинтон метавонад “беҳтарин раиси ҷумҳур” бошад.

XS
SM
MD
LG