Пайвандҳои дастрасӣ

Хушбинии Обама ба имзои созиши ниҳоии ҳастаӣ бо Эрон


Барак Обама - раисиҷумҳури Амрико мегӯяд, бо вуҷуди изҳороти шадидуллаҳни раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ ба имзои созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Теҳрон хушбин аст.

Раисиҷумҳури Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар долонҳои нишасти сарони кишварҳои қораи Амрико дар Панама гуфт, изҳороти Алии Хоманеӣ барояш ғайриинтизор набуд, зеро Эрон сиёсати худро пеш мебарад ва ҳукумат бояд ба осиёби муҳофизакорони аз тавофуқи ҳастаӣ норозӣ об бирезад. Барак Обама шӯхиомез гуфт, "ҳатто нафаре бо унвони "раҳбари аъзам" маҷбур аст дар бораи ҳавзаи интихоботияш андеша кунад."

Баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонии чандрӯза Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 2 апрел дар шаҳри Лозаннаи Швейсария дар мавриди "андозаҳои калидӣ”-и созишномаи фарогири ҳастаӣ, ки бояд то 30 июн ниҳоӣ шавад, ба тавофуқ расиданд.

Бар пояи созиш, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви марҳала ба марҳалаи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад. Аммо мансабдорони эронӣ, аз ҷумла, Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ барои он пойфишорӣ доранд, ки таҳримҳо алайҳи Эрон на марҳала ба марҳала, балки билофосила баъд аз имзои созиши ниҳоӣ лағв карда шаванд.

Тавофуқи пешакии дар Швейсария имзошуда, таъкид кард раҳбари аъзами Эрон, ҳанӯз кафолати имзои созиши фарогир то рӯзи 30 июн нест.

Нусрати Ваҳидӣ, донишманди бахши ҳастаӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, созиши Лозанна се мушкил дорад, ки метавонад барои имзои санади ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон садди роҳи ҷиддӣ шавад. Аз нигоҳи ӯ, мушкили аввал он аст, ки “ин санад имкони истиқлоли таҳқиқоти илмиро аз донишмандони эронӣ мегирад ва гумон аст, ки донишмандон бо ин муросо кунанд. Ман фикр мекунам, ки оғои Ҷавод Зариф бидуни машварат бо аҳли илми Эрон чунин як тавофуқномаро таҳия кардааст”.

Мушкили дуввум, меафзояд мусоҳиби мо, он аст, ки “дар ин созишнома дар воқеъ Эрон ба сурати як мустаъмира даромадааст, яъне истиқлолашро аз даст додааст. Ин аз нукотест, ки худи оғои Хоманеӣ рӯяш ангушт гузоштааст”. Ва мушкили ниҳоӣ, ба гуфтаи Нусрати Ваҳидӣ, дар робита ба молия аст. “Эрониҳо фикр мекарданд, ки бо ин созиш билофосила таҳримҳо бардошта ва мушкили молии кишвар ҳал мешавад, яъне аз тариқи бонкҳо метавонанд пулҳои дар хориҷабудаи Эронро мунтақил кунанд”, мегӯяд ӯ.

Аз нигоҳи донишманди эронӣ, мушкили аввалӣ шояд зиёд муҳим набошад, вале ду мушкили боқимонда шояд ба музокиракунандагон дарди сари зиёде оваранд. “Агар кишварҳои “панҷ ба изофаи як” масъалаи таҳримҳоро ба таври дилхоҳи оғои Хоманеӣ ҳал кунанд, яъне барои аз байн бардоштани таҳримҳои молӣ омода бошанд, созиши ниҳоӣ ба имзо хоҳад расид, дар акси ҳол аз нигоҳи ман ба самар арсидани он байитд ба назар мерасад”. Нусрати Ваҳидӣ мегӯянд, ки эҳтимоли расидан ба тавофуқи ниҳоӣ 80 дар сад аст.

Қарор аст, ки ба зудӣ Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” музокиротро аз сар бигиранд ва талошҳои таҳияи созиши ниҳоии барои ҳама ҷонибҳо мувофиқро идома диҳанд.

XS
SM
MD
LG