Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба нишасти G-7 даъват намешавад


Фрэнк Валтер Штайнмейер, вазири умури хориҷаи Олмон, рӯзи 12 апрел изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба нишасти сарони ҳафт кишвари пешрафтаи ҷаҳон даъват нахоҳад шуд. Қарор аст, ки нишаст моҳи июн дар минтақаи Баварияи Олмон баргузор шавад.

Дар посух ба суоли нашрияи Die Welt дар робита ба вокуниши Берлин ба пешниҳоди раҳбари фраксияи Ҳизби чапгаро дар парлумони Олмон барои даъвати Путин ба нишасти Ҷи-7, Штайнмейер гуфт, ягон кишвар барои дар инзивоъ қарор гирифтани Русия манфиатдор нест, аммо, афзуд ӯ, баъд аз илҳоқи ғайриқонунии Қрим аз сӯи Русия мо наметавонем тавре рафтор кунем, ки гӯё чизе рӯй надодааст.

Вазири умури хориҷии Олмон таъкид кард, роҳи Русия ба сафи кишварҳои пешрафта фақат дар ҳоли арҷгузории Маскав ба якпорчагии Украина ва иҷрои ӯҳдадориҳои дар Минск гирифтааш боз хоҳад шуд.

Аз ин пеш раҳбари фраксияи Ҳизби чапгаро дар парлумони Олмон Грегор Гизӣ аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел хост, ки Путинро ба нишасти сарони ҳатфгона даъват кунад, зеро раҳбари Русия дар музокирот оид ба барноами ҳастаии Эрон ва маҳви силоҳи кимиёвии Сурия нақши мусбат бозидааст.

XS
SM
MD
LG