Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куриё: Сӯҳбати Раҳмону Бердимуҳаммадов


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ. 12 апрели 2015

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар форуми ҳафтуми ҷаҳонии об дар Куриёи Ҷанубӣ. 12 апрели 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи ҳамоиши ҷаҳонии об дар Дэгуи Куриёи Ҷанубӣ бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору гуфтугӯ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Раҳмону Бердимуҳаммадов "масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар", аз ҷумла ҳалли мушкили сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро баррасӣ кардаанд. "Масоили таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд,"-меафзояд манбаъ.

XS
SM
MD
LG