Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Троблус


Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос ба сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Троблус, пойтахти Либия, ду муҳофизи бино кушта шуда, як каси дигар ҷароҳат бардошт. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Кореяи Ҷанубӣ, дар ин ҳамла, ки рӯзи 12 апрел сурат гирифт, ба нафаре аз кормандони сафорат осеб нарасидааст.

Масъулини вазорат гуфтаанд, ҳанӯз маълум нест, ки ҳадафи ҳамла сафорат буд ё муҳофизон.

Айни ҳол Сеул мавзӯи аз Либия берун кардан ё накардани дипломатҳояшро баррасӣ мекунад.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст. Баъд аз суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳе пайдо шудаанд, ки вазъи кишварро ноором мекунанд.

XS
SM
MD
LG