Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Обама аз номзадии Ҳилларӣ Клинтон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз пешбарии номзадии Ҳилларӣ Клинтон ба мақоми сарвари кишвар дар интихоботи президентии соли 2016 пуштибонӣ кард. Дар нишасти хабарӣ дар Панама, баъд аз анҷоми нишасти сарони кишварҳои қораи Амрико, шоми 11 апрел ӯ гуфт, “аз нигоҳи ман, Ҳилларӣ Клинтон раисиҷумҳури хело хуб мешавад. Ӯ дусти ман аст”.

Қарор аст, ки Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 12 апрел дар бораи ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2016 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти видеоӣ пахш кунад.

Ҳафт сол пеш хонум Клинтон дар сабқат бо Барак Обама барои номзадӣ аз Ҳизби демократ шикаст хурда буд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, айни ҳол ӯ қавитарин номзади демократҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад.

Интизор меравад, ки Ҳилларӣ Клинтон маъракаи интихоботии худро аз сафар ба аёлатҳои Айова ва Ню-Ҳампшир шурӯъ кунад ва дар ин маърака аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода барад.

Дар сурати пирӯзӣ Ҳилларӣ Клинтон нахустин зан-президенти ИМА хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG