Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи таҷовуз ба эрониҳо дар Ҷиддаҳ


Садҳо нафар дар ҳамоише дар Теҳрон алайҳи таҷовуз ба номуси ду зойири эронӣ дар фурудгоҳи шаҳри Ҷиддаҳи Арабистони Саъудӣ эътироз карданд.

Ба иттилои хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, рӯзи 11 апрел тақрибан 300 нафар дар канори бинои сафорати Арабистони Саъудӣ дар шимоли Теҳрон ҷамъ омада, бастани сафоратро талаб карданд. Тазоҳургарон алайҳи хонаводаи шоҳи Арабистони Саъудӣ шиор мезаданд.

6-уми апрел як мақоми аршади вазорати умури хориҷии Эрон хабар дод, ки дар ҳафтаи дувуми таътилоти Наврӯз, ҳангоми бозрасии корвони умраи эронӣ, кормандони фурудгоҳи Ҷиддаҳ, ба баҳонаи машкук шудан ба ду ҷавонмарди эронӣ, онҳоро аз бақия ҷудо намуда ва ба номуси онҳо таҷовуз кардаанд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки ҳафтаҳои ахир муносибати миёни Теҳрону Ар-Риёз бино ба амалиёти ҳавоии Арабистони Саъудӣ алайҳи ошӯбгарони шиа дар Яман хело сард шудааст. Теҳрон аз шибҳанизомиёни ҳусӣ дар Яман, ки бахши аъзами кишвар, аз ҷумла, пойтахт - Санъо ва шаҳри бандарии Аданро ишғол кардаанд, ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG