Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 туфангчаи Ҷамолиддин Маҳмудов аз кадом ниҳоди интизомист?


Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов хостааст, барояшон маълумоти саҳеҳ оранд, ки ду туфангчаи ӯ ба кадом ниҳоди интизомӣ мутааллиқ аст?

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд), узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Кумиссюни марказии интихоботи Тоҷикистон хостааст, то ба кадом ниҳод тааллуқ доштани ду туфангчаи ӯро мушаххас кунанд.

Инчунин, ба қавли Зарафо Раҳмонӣ - яке аз вакилони мудофеи Маҳмудов, додгоҳ талаб кардааст, то гузориши муфассал бо такя ба маводи бойгонӣ дар бораи узвияти ӯ дар Кумиссюни муштараки оташбаси Кумиссюни оштии миллии Тоҷикистон ҳам пешкаш шавад.

Ҳоло додгоҳ замони тафтишоти парвандаи Маҳмудовро, ки даҳуми феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд, то ду моҳи дигар дароз кардааст. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали боздошташ ин масъули ҳизби наҳзати исломиро барои нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ муттаҳам карданд.

Худи ӯ низ дар баёноташ зикр карда, ки "бинобар ноором будани вазъият дар Душанбе дар солҳои фаъолияти КУмиссюни муштараки оташбас раҳбари вақти Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва раиси Кумиссюни оштии миллӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои аминияташ ба вай туфангча додааст." Ҳоло додгоҳ мехоҳад, дақиқ кунад, ки ин силоҳ мутааллиқ ба кадом ниҳоди интизомии Тоҷикистон будааст?

Боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ бо пешниҳоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҲНИТ узви Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъин шуда буд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 11 феврал бо баргузории нишасти шӯрои сиёсияш боздошти Маҳмудовро дар остонаи интихоботи парлумонии 1 март аз қабл "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва аз мақомот хост, то "масъаларо мунсифона баррасӣ карда, ҳарчи зудтар Ҷ. Маҳмудовро аз боздошт раҳо намоянд."

Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, қазияи силоҳи ёфтшуда ҳанӯз соли 2013 барои мақомот маълум буда, нав рӯи об баромадааст. "Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад," - омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон низ зӯҳри 11 феврал гузориши расмӣ дар бораи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, яке аз раҳбарони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро нашр кард.

Дар ин гузориши муфассали 6-дақиқаӣ аз ҷумла гуфта мешавад, “тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷамолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар шарҳи боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов гуфта буд, “воқеан, як туфангча мутааллиқ ба ӯст, вале аз силоҳҳои боқимонда чизе намедонам.”

XS
SM
MD
LG