Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садҳо низомиёни нерӯҳои десантии Русия, Белорус ва Тоҷикистон дар як якпораи бузург дар Арктика фуруд омаданд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳарчанд ҳар яке аз чатрбозон садҳо бор аз парашют истифода кардаанд, фурудашон ба ин яхпораи азим нодир буд, зеро дар вазъи сардии бесобиқа ва дар ҳоле сурат гирифт, ки чизеро дидан тақрибан номумкин буд.

Ба гуфтаи низомиён, фуруд ба яхпора дар Қутби Шимол як бахши тамринҳои густурдаи низомии се кишвар – Русия, Белорус ва Тоҷикистон буд. Акнун чатрбозон бояд ҷустуҷӯ ва наҷоти афроди дар Арктика ба офат дучоршударо тамрин кунанд.

Алексей Рагозин, муовини фармондеҳои нерӯҳои десантии Русия ба телевизионии НТВ гуфтааст, ки баъд аз анҷоми тамринҳо низомиён пойгоҳи бо таҷҳизоти мухобиравию гармидиҳӣ ва генераторҳо муҷаҳҳази худро дар ихтиёри муҳаққиқони Арктика мегузоранд.

XS
SM
MD
LG