Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сеул сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад


Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби сафари расмияш ба Ҷумҳурии Корея, рӯзи 11 апрел, бо Ким Кван-йон, волии музофоти Гёнсангбук-до мулоқот кард. Ба иттилои сомонаи интенрентии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сӯҳбат дар шаҳриТегу ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо “ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳангро дорои дурнамои хуб номиданд”.

Ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Корея бо президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе музокирот анҷом медиҳад. Дар поёни музокирот имзои чанд санади ҳамкорӣ дар назар аст. Сарвари Тоҷикистон бо раиси парлумони Ҷумҳурии Корея Чун Ой Хуа, дигар мақомоти баландпояи кишвар ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Қарор аст, ки дар шаҳри Сеул бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ шавад.

Раҳбари Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Корея ҳам мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG