Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

9 табиби тоҷик дар интизори бозгашт ба Ватан


Нӯҳ табиби дигари тоҷик интизори бозгашт ба ватан дар фурудгоҳи Санъо, пойтахти Яман, будаанд. Муҳаммад Кенҷаев, яке аз ин табибон рӯзи 11 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як соат боз мунтазири ҳавопаймо нишастаанд ва эҳтимол рӯзи шанбе ё якшанбе аввал ба Русия ва баъдан ба Тоҷикистон хоҳанд рафт. Вай афзуд, онҳо тавассути як ширкати русӣ барои кор ба Яман рафта, ҳоло дар пайи ноамн шудани ин кишвари арабӣ қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд.

То кунун даҳҳо табиби тоҷик бо ҳамроҳии фарзандонашон тавассути ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Яман ба Маскав ва сипас ба ватан оварда шуданд. Бозгашти табибони тоҷик аз Яман баъди ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш ба Санъо шуруъ шуд. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва, инчунин сафорати Тоҷикистон дар Маскав хоста буд, табибони тоҷикро аз Яман берун оранд.

XS
SM
MD
LG