Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Бадие ба эъдом маҳкум шуд


Муҳаммад Бадие

Муҳаммад Бадие

Додгоҳи Миср Муҳаммад Бадие, раҳбари гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” ва 13 аъзои аршади ин гурӯҳро барои ташкили бенизомиву хушунат бар марг маҳкум кард. Эълони ҳукм дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 11 апрел аз тариқи телевизиони Миср мустақиман пахш шуд.

37 нафар аз аъзои фаъоли ин гурӯҳи дар Миср мамнӯъ ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Яке аз онҳо Муҳаммад Султон, ки шаҳрвандии Амрико ва мисрро дорад, дар пуштибонӣ аз “Ихвон-ул-муслимин” ва ираи хабарҳои бардурӯғ айбдор шудааст.

Моҳи сентябри соли гузашта Муҳаммад Бадие аз сӯи додгоҳи вилояти Гизаи Миср ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.

Маҳкумшудаҳо чун ҳазорон ҷонибдорони "Ихвон-ул-Муслимин” ба думболи барканории раисиҷумҳури исломгаро Муҳаммад Мурсӣ дар тобистони соли 2013 боздошт шуданд.

Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, раисиҷумҳури Миср, ки дар барканории Мурсӣ баъд аз эътирозҳои хиёбонӣ нақши калидӣ дошт, Ихвон-ул-Муслимин”-ро таҳдиди аслӣ ба амнияти кишвар мехонад. Аммо раҳбарони ин гурӯҳ мегӯянд, ки фаъолияти онҳо сулҳҷӯёна аст ва ба хушунати ҷонибдорони гурӯҳҳои исломгаро рабте надоранд.

XS
SM
MD
LG