Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон вориди сабқати президентӣ мешавад


Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи якшанбе дар бораи ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2016 изҳорот пахш хоҳад кард. Ба навиштаи расонаҳои чопи Амрико, интизор меравад, ки изҳороти видеоии хонум Клинтон дар бораи ширкаташ дар интихобот ба ҳайси номзад аз Ҳизби демократ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шавад.

Ҳафт сол пеш Ҳилларӣ Клинтон дар сабқат бо Барак Обама барои номзадӣ аз Ҳизби демократ шикаст хурда буд. Хабаргузориҳо менависанд, айни ҳол ӯ қавитарин номзади демократҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ маҳсуб мешавад.

Дар сурати пазируфта шудан ӯ барои мақоми воло дар ИМА бо номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон вориди сабқат хоҳад шуд. Миёни ҷумҳурихоҳоне, ки аллакай аз ширкаташон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда хабар додаанд, волии собиқи Флорида Ҷеб Буш, писари президенти 41-уми Амрико Ҷорҷ Буш ва бародари президенти 43-юм Ҷорҷ Буши хурдӣ низ ҳаст. Билл Клинтон, ҳамсари хонум Ҳилларӣ ҳам қаблан раисиҷумҳури Амрико буд.

Дар сурати пирӯзӣ Ҳилларӣ Клинтон нахустин зан-президенти ИМА хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG