Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави сармоягузорӣ дар Тоҷикистон омода шуд


Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешнависи қонуни нав “Дар бораи сармоягузорӣ”-ро таҳия кардааст, ки нусхаи он дар дасти Озодӣ қарор дорад. Аз дафтари матбуоти ин кумита рӯзи 10 уми март дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, дар пешнависи ин қонун якчанд сабукиҳо барои сармоягузорон пешбинӣ шудааст, ки дар сурати қабул ва иҷрои ин қонун фазои сармоягузорӣ дар кишвар ба маротиб бояд ҷаззобтар шавад. Дар пешнависи ин қонун, бунёди “Равзанаи ягона” барои ниёзҳои сармоягузори хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи нишондоди пешнавииси ин қонун сармоягузор ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон кулли масоили ҳуқуқиашро тариқи ин равзана ҳал хоҳад кард. Ҳамчунин бинобар бандҳои ин қонун ба сармоягузороне, ки ба кишвар техника ва таҷҳизоти нав ва ё қисмҳои эҳтиётии онро ворид мекунанд, имтиёзи гумрукӣ пешбинӣ шудааст ва онҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ то ба панҷ сол озод хоҳанд. Ҳамчунин бинобар банди панҷуми пешнависи ин қонун ҳангоми сар задани баҳсҳои ҳуқуқӣ сармоягузорон тибқи шартнома ҳақ доранд онро, дар додгоҳҳои Тоҷикистон ва додгоҳҳои ҳакамии байналмилалӣ ҳал кунанд. Қонуни қаблии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” соли 2007−ум қабул шуда буд, аммо дар кул фазои сармоягузҳориро дар кишвар беҳтар карда натавонист ва шумораи сармоягузорони иқтисоди кишвар низ ба таври чашмрас зиёд нашуд.

XS
SM
MD
LG