Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипосгузории сафири Тоҷикистон аз Русия


Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 10 апрел аз кӯмаки Русия дар баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ямани ҷангзада изҳори сипос кард. Вай ин кӯмакро як анъанаи хуби муносибатҳои байни ду кишвар номид. Ҳамзамон ба сафир хабар дода шуд, ки барномаи баровардани шаҳрвандони кишварҳои ИДМ аз Яман бо талошҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия идома дорад. Рӯзҳои наздик боз як ҳавопаймои ин ниҳоди Русия барои баровардани хориҷиён ба Яман парвоз хоҳад кард. Дар ин пайванд сафорат аз ҳамаи ҳамватаноне, ки дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман маълумоте доранд, хоҳиш кардааст, бо телефонҳои +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02. Дурнигор ё факси: +7 (495) 691-89-98 ба Ситоди сафорат барои баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман хабар диҳанд.

XS
SM
MD
LG