Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Порламони Покистон дар бораи Яман қатъномае ба тасивб расонд ва аз ҳамаи тарафҳои даргир даъват кард, ки ихтилофотро ба таври сулҳомез ҳал кунанд. Дар ин қатънома гуфта мешавад, ки Покистон нисбат ба муноқишаҳои Яман худро кишвари бетараф эълон мекунад.

Намояндагони порламони Покистон ин қатъномаро ба иттифоқи оро ба тасвиб расонданд. Дар давоми ин ҳафта намояндагони порламон зимни суханронии худ бар зидди ширкати низомии Покистон дар муноқишаҳои Яман изҳори ақида мекарданд.

Арабистони Саъудӣ ба ҳампаймонҳои худ, ба Покистон фишор меовард, ки ба эътилофи зери фармондеҳии Арабистони Саъудӣ ҳамроҳ шавад, то ба ҳусиҳои шиа дар Яман шикаст диҳанд. Саъудӣ аз Покистон мехост, ки ба Яман киштиву ҳавопаймо ва ниру фиристад.

XS
SM
MD
LG