Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани мухолифони давлати Қирғизистон


Бакит Сеитов-раҳбари дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфтааст, ки дар баргузории анчумани мухолифони давлат дар вилояти Ҷалолобод мудохила нахоҳанд кард, бо вуҷуди он ки бар асоси қонун баргузории ин қурултой мамнуъ аст.

Ба гуфтаи Сеитов, дар ҳамла ба раҳбарони Ҷунбиши миллии мухолифон дар шаҳри Ӯш нируҳои интизомӣ ҳеҷ иртибот надоранд. Пештар мухолифон ба пулис хабар доданд, ки ба раҳбарони онҳо афроди номаълум ҳамла ва онҳоро лату кӯб кардаанд.

То расидани кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса ҷавононе, ки ба Бектур Асанов, Кубаничбек Қодиров ва дигар аъзои Ҷунбиши миллӣ дар Ӯш ҳамла карда буданд, аз маҳалли ҳодиса фирор карданд. Ҳоло ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG