Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд хатарҳои террористиро баррасӣ мекунанд


Намояндагони хадамоти вижаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд тадобири муштараки муқобила бо хатарҳои “Давлати Исломӣ”-ро баррасӣ мекунанд.

Онҳо ҳамчунин масъалаи назорат бар убуру мурури афродеро, ки дар минтақаҳои хатарноки террористӣ гашту гузормекунанд ва имкони ҷалби онҳо ба сохторҳои террористӣ ё фаъолиятҳои террористиро баррасӣ хоҳанд кард, зеро имкон дорад, онҳо дубора ба қаламрави кишварҳои узви ин созмон баргарданд.

Дар ҳамоиши Тошканд намояндагон аз Тоҷикистону Узбакистон, Русияву Қазоқистон ва Қирғисзистону Чин ва ҳамчунин Кумитаи иҷроии Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористӣ ширкат мекунанд.

Ширкаткунандагон дар бораи тамринҳои муштарак барои пешгирӣ аз истифодаи интернет дар ҷараёни фаъолиятҳои террористиву тундгароӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG