Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Қудратов-раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ба матбуот хабар додааст, ки дар Тоҷикистон 849 ветерани Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунад. Бино ба гуфтаи вай, дар оғози соли ҷорӣ онҳо 926 нафар будаанд.

Дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтаанд. Аз онҳо 100 ҳазор нафар дар ин ҷанг ҷон бохтанд. 54 нафари онҳо ба дарёфти унвони “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ” ноил шуданд.

Бино ба саршумори аҳолӣ, дар соли 1939 дар Тоҷикистон 1,5 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебурд ва аз он 100 ҳазор нафар шумораи хеле зиёд аст.

Аз Тоҷикистон дар паради Ғалаба дар Маскав се иштирокчии ҷанг даъват шудаанд. Ин парад 9 май баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG