Пайвандҳои дастрасӣ

Бан: Ярмук ба урдугоҳи марг табдил мешавад


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Бан Ки Мун—Дабири Кулли СММ мегӯяд, урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар наздикии Ярмук, ки ҳоло дар дасти тундравҳои “Давлати Исломӣ” қарор дорад, дар давоми 4 соли муноқишаҳои Сурия бадтарин намуна будааст.

9 апрел Бан Ки Мун ба рӯзноманигорон гуфт, ки урдугоҳи паноҳҷӯён тадриҷан ба урдугоҳи марг табдил меёбад. Дар ин урдугоҳ тақрибан 18 000 нафар паноҳ мебаранд.

Вай ҳушдор дод, ки шӯришиёни мусаллаҳ дар дохили урдугоҳ ва нируҳои ҳукуматии Сурия дар атрофи он мисли теғи дудама ҳазорон нафар паноҳҷӯёнро дар миёна гирифтаанд.

Бан Ки Мун гуфт: ”Мо наметавонем дар канор биистем ва тамошо кунем, ки чӣ тавр қатли ом сурат мегирад”. Грӯҳи тундравҳои “Давлати Исломӣ” ҳафтаи гузашта урдугоҳи Ярмукро ба контроли худ даровард.

Дабири Кулли СММ тақозо дорад, ки ҷангҳо хотима ёбад, барои расонидани кӯмакҳои башарӣ роҳ боз шавад ва барои ононе, ки мехоҳанд урдугоҳро тарк кунанд, имкони амниятӣ фароҳам гардад.

То оғози ҷангҳо дар Сурия дар соли 2011 дар урдугоҳи Ярмук 160 ҳазор нафар ба сар мебурд. Ин урдугоҳ соли 1948 ба вуҷуд омада буд, яъне аз соли ҷангҳо барои ташкили Исроил.

XS
SM
MD
LG