Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 8-9 апрел нируҳои зери фармондеҳии Амрико ба ҳадафҳои “Давлати Исломӣ” дар Сурия 7 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд. Низомиёни Амрико мегӯянд, ки бори аввал дар чунин ҳамлаҳо нируҳои Канада низ ширкат ҷустаанд.

Бино ба эъломия, дар ин ҳамлаҳо воситаҳои техникии “Давлати Исломӣ”, ҷои иқомат ва мавзеъҳои ҷангии онҳоро дар наздикиҳои Ҳасака, Раққа ва Кубонӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Дар Ироқ низ дар ҳамин рӯзҳо ба техникаи “Давлати Исломӣ” ба нируҳои тактикии онҳо, нақбҳо, биноҳо ва ҳадафҳо дар наздикии Байҷӣ, Мавсил, Синҷар ва Тал Афар 12 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом гирифтааст.

XS
SM
MD
LG