Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи ҷасади як навзод дар назди хобгоҳ


Пайдо шудани ҷасади духтарчаи навзод аз зери хок дар майдончаи канори хобгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сокинони маҳаллаи 46-уми пойтахтро такон дод. Ҳанӯз модари ин кӯдак шиносоӣ нашудааст.

Як устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, 10 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “рӯзи чоршанбе вақте боғбон майдончаи назди хобгоҳро побел мекард, аз зери хок пойи кӯдаки навзод пайдо шудааст.” Ҳамсӯҳбати мо гуфт, кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз ин қазия огоҳ шуда, зуд ҷасади навзодро барои ташхис бурда ва маълум кардаанд, ки навзод 7-моҳа будааст.

“Ҳоло шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ барои маълумоти бештар боғбони хобгоҳи рақами 3-и донишгоҳро барои пурсиш даъват кардаанд. Аммо то ҳол рӯшан нест, модари ин тифл кист ва дар чӣ шароит навзодро зери хок гӯрондааст,”-афзуд мусоҳиби мо.

XS
SM
MD
LG