Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёфт шудани ҷасади 3 қурбонии ярч


Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯянд, ҷасади боз се сокини Яккабедро аз зери хок пайдо кардаанд. Ориф Нозимов, сухангӯи кумита рӯзи 10 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “инҳо - Саид Ҷалилов (1997), Наим Қурбонов (1989) ва Худойбердӣ Одинаев (1963) мебошанд.”

Ба ин тартиб, аз даҳ сокини рустои Яккабеди ноҳияи Файзобод, ки зери ярч монда буданд, шаш нафарашон берун оварда шудааст. Сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, ҳоло ҷустуҷӯи чор ҷасади дигар идома дорад.

Ин ҳодиса ҳафтаи гузашта, рӯзи 3 апрел, дар пайи лағзиши як теппа ба вуқӯъ омад. Мақомот гуфтанд, ин гуруҳи сокинон барои таъмири қубури обашон, ки се километр дуртар аз деҳа будааст, рафта, дар пайи фаромадани ярч зери хок мондаанд.

XS
SM
MD
LG