Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: "Аз ҳимоятҳои Эрон аз ҳусиҳо дар Яман ба хубӣ огаҳем"


Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки Амрико аз кӯмакҳои Эрон ба шӯришиёни ҳусӣ дар Яман огаҳӣ дорад. Бинобар ин Амрико ба Эрон иҷоза нахоҳад до, ки Теҳрон вазъ дар минтақаро ноором кунад.

Ҷон Керрӣ дар мусоҳибае бо шабакаи телевизионии PBS (Пи Би Эс)-и Амрико гуфт, Теҳрон бояд эътироф кунад, ки агар вазъ дар Ховари Миёна ноором шавад, Вашингтон дар канор нахоҳад истод. Аммо Эрон кӯмакҳои худ ба шӯришиёни Ҳусиро рад мекунад.

Дар як мусоҳиба аз Ҳабиб Ҳусейнифард, таҳлилгари умури Ховари Миёна дар Олмон пурсидам, нигарониҳои аслӣ аз вазъи кунунии Яман чӣ аст?

Ҳусейнифард: Пешравиҳои Ҳусиҳо дар Яман ва дар ҳам шикастани як давлати заиф дар Яман Ал-Қоидаро беш аз пеш дар Яман фаъол мекунад ва бахшҳои бештарро дар ин кишвар зери нуфузи худаш медарорад. Дар он сурат амрикоиҳо дар ин минтақа беш аз пеш ба терроризм мувоҷеҳ мешаванд. Вале амрикоиҳо намехоҳанд чунин вазъро дар минтақа бубинанд.

Озодӣ: Фикр намекунед, ки кӯмакҳои Эрон боис хоҳад шуд, ки кишварҳои минтақа ҳар чӣ бештар ба ин моҷарои Яман ҳамроҳ шаванд ва худи Эрон дар муҳосира бимонад, чун Покистон аз як тараф ва аз тарафи дигар кишварҳои Халиҷ мудохилаи Эронро намехоҳанд?

Ҳусейнифард: Эрон имконоти чандоне барои кӯмак надорад. Агар дар ин замина Эрон таблиғоте анҷом медиҳад, он ба суди Саъудӣ ва ба суди эътилофи зери фармондеҳии Саъудӣ хоҳад буд, ки бо бузург кардани хатари ҳамроҳии Эрон бо Ҳусиҳо амалиёт дар Яманро ҷанбаи байналмиллалӣ мебахшанд. Кишварҳои эътилофи зери назари Саъудӣ медонанд, ки Эрон мисли ин ки ба Ироқ кӯмак мекард, ба Яман кӯмак расонда наметавонад ё чун дар Сурияву Лубнон дар Яман қудрати манёвр надорад ва наметавонад амал кунад. Агар масъалаи манофеи мардуми Яман дар назар бошад, дар он сурат Эрон бояд барои хатми ин бӯҳрон ва ба сари кор омадани як давлати миллӣ амал кунад, на ба доман задани таблиғоти зидди Арабистони Саъудӣ ё таблиғоте, ки Ҳусиҳоро дар Яман ҳақ ҷилва диҳад.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки агар Эрон ҳамчунон ба нируҳое дар Яману Ироқ кӯмак кунад, чунин равиш ба иҷрои тавофуқоти ҳастаииаш бо шаш қудрати ҷаҳонӣ асар хоҳад гузошт?

Ҳусейнифард: Агар ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Эрон тавофуқ шуда бошад ва рӯи коғаз омада бошад, бо вуҷуди баъзе мушкилиҳо онҳо дар мавриди ДОИШ ҳадафҳои муштарак доранд. Ва ё дар мавриди Сурия ҳоло барканории Башор Асад аз дастури кор хориҷ шудааст. Барои ҳамин дар муносиботи Эрон бо Амрико то андозае он муассир афтодааст. Вале дар Яман масъала ранги дигар дорад. Дар он кишвар нируе мисли Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки бахши бузурги артиш ва нируҳои амниятӣ дар ихтиёраш аст ва ин кишвар вижагиҳои хоси худро дорад, бояд дар назар бигирад, ки як роҳи ҳали сиёсии ҳамаҷониба барои ин кишвар пайдо шавад.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол роҳи ҳали муноқишаи Яман чӣ аст?

Ҳусейнифард: Ҳоло ин кишвар бо се-чаҳор бӯҳрон рӯ ба рӯст. Аз як тараф шимолу ҷануб бо ҳам меҷанганд. Як бахшашро Ал-Қоида гирифтааст, як бахши дигарашро Ҳусиҳо гирифтаанд. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури қаблӣ ҳам ба навъе таъсиргузор аст. Илова бар ин, фақри бисёр густарда дар Яман ҳукмфармост. Рафтори Арабистони Саъудиву Эрон ҳам дар ин кишвар масъаласоз шудааст. Бинобар ин, вазъ бисёр печида шудааст ва бояд барои ҳали бӯҳрони Яман як ниҳоди дохилӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ шакл бигирад. Агар тарафҳои даргир дар дохили Яман, дар минтақа ва дар арсаи байналмиллалӣ ба ин дарк нарасанд, ки ваҳдати кишварро бо таваҷҷуҳ ба печидагиҳояш нигоҳ доранд, бояд як нишасти ҳамагонӣ баргузор кунанд, вагарна ин бӯҳрон ба соддагӣ тамом намешавад.

XS
SM
MD
LG