Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

8 майи соли ҷорӣ посгоҳҳои гумрукии миёни Қазоқистону Қирғизистон аз миён бардошта мешаванд. Ин ба вуруди Қирғизистон ба узвияти Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё иртибот дорад. Дар ин бора Темир Сариев -- вазири иқтисоди Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, то поёни моҳи ҷорӣ як силсила протоколҳои иловагӣ ба қарордоди узвияти Қирғизистон дар ин созмон ба имзо хоҳанд расид. Қарордоди мазкур 1 май эътибор пайдо мекунад ва то 8 май бояд ҳамаи посгоҳҳои гумрукии миёни ду кишвар аз байн равад.

То он рӯз Қирғизистон бояд посгоҳҳои марзии худ бо кишварҳои дигар, ки узви ин созмон нестанд, аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбакистонро бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳаз кунад.

Қирғизистон бо Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар он Русияву Қазоқистон ва Беларус узвият доранд, моҳи декабри соли 2014 қарордод имзо кард.

Дар густараи Шӯравии пешин бо ширкати Русия созмонҳои мухталиф ташкил шудаанд ва Маскав мехоҳад бо ҷалби ин кишварҳо бо созмонҳои зери назари худ як навъ ҳамвазнӣ бо Ғарб пайдо кунад, вале дар асл фаъолияти ин созмонҳо дида намешавад ва ин созмонҳоро гоҳо "коғазӣ" низ мегӯянд.

XS
SM
MD
LG