Пайвандҳои дастрасӣ

Кепкаҳои "тоҷикӣ"-ро дар Русия боздошт карданд


Бино ба хабари матбуоти Русия дар шаҳри Новосибирски Русия 110 кепка ё кулоҳ, ки дар рӯи онҳо NIKE, ADIDAS ва IPHONE навишта шуда буд, боздошт кардаанд. Дафтари матбуотии гумруки Новосибирск хабар додааст, ки ин кепкаҳо сохти ин ширкатҳо нест ва навиштаҳои рӯи онҳо дурӯғ мебошад. Ин кепкаҳоро аз Тоҷикистон ворид кардаанд.

Дар хабар омадааст, ки тафтишоти додгоҳӣ анҷом гирифтааст ва ин тафтишот собит сохтааст, ки дар кулоҳҳо ғайриқонунӣ аломати ин ширкатҳоро дӯхтаанд.

Ҳамчунин баъзе аз бозичаҳои ворида аз Чин низ боздошт шудааст. Додгоҳ ҳукм кардааст, ки ин маҳсулот нобуд карда шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG