Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду узви "Гурӯҳи 24" дар Душанбе


Додгоҳи ноҳияи Исмоил Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми худро барои ду узви “Гурӯҳи 24” эълон кард. Маҳмадалӣ Ҷобиров ба 3,5 соли ҳабс ва Маҳмадризо Шамсзода ба 3 соли ҳабс маҳкум шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабар додааст.

“Гурӯҳи 24” созмони мухолифи давлати Тоҷикистон аст ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст. Бино ба ин хабар, Шамсзода бо Умаралӣ Қувватов-раҳбари гурӯҳи мазкур дар Маскав ҳамкории наздик доштааст ва ба табъу нашри маводи тундгароӣ, фиристодани ин мавод тавассути телефони ҳамроҳ ба телефонҳои дигар ва даъвати онҳо барои пайвастан ба узвияти ин гурӯҳ машғул будааст.

Ин севвумин мурофиаи додгоҳии аъзои “Гурӯҳи 24” буд. 4 март додгоҳи Душанбе Умедҷон Солиҳовро ба муддати 17,5 сол маҳкум ба зиндон кард. 14 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов 16 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG