Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёз ба собиқадорони ҶБВ дар зиёрати Хонаи Худо


Кумитаи дини Тоҷикистон барои қишри куҳансоли ҷомеа, аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати зиёрати ҳаҷ имтиёз дода ва барои бенавбат ба зиёрати Хонаи Худо рафтан, кӯмак хоҳад кард. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 9 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири мушовараи Кумитаи дин тасмим гирифта шуд, ки барои қишри куҳансоли ҷомеа, ба хусус барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таҳияи асноду ҳуҷҷатҳои лозима имтиёз дода мешавад. Вай афзуд, ҳоло дар бархе навоҳии кишвар навбати сафари ҳаҷ то соли 2024 расидааст ва имтиёзи мазкур имкон медиҳад, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва афроди куҳансол маносики ҳаҷро бо истифода аз чунин имтиёзҳо, адо намоянд.

XS
SM
MD
LG